Чӣ тавр бо рақами русӣ ё шиносномаи хориҷӣ дар Alif Mobi мушаххаскунӣ гузаронидан мумкин аст?

Раванди мушаххаскунии фосилавӣ ба ду намуд ҷудо мешавад:



  1. Дархост бо рақамҳои русӣ гузошта шудааст;
  2. Дархост бо рақамҳои тоҷикӣ аст.


Дар ҳолати аввал, барои гузаштани мушаххаскунӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунед:

  •  Акси шиносномаи хориҷӣ;
  • Селфи бо шиносномаи хориҷӣ;
  • Акси шиносномаи хориҷӣ бо мӯҳри сафар ва расидан дар дигар давлат;
  • Акси шиносномаи дохилии миллӣ.

Пас аз ин, мо метавонем мушаххаскунии фосилавии рақами телефони русиро анҷом диҳем.


Дар ҳолати дуюм, агар дархост аз рақами тоҷикӣ бошад, мушаххаскунии фосилавӣ бо шиносномаи хориҷӣ ғайриимкон аст. Бояд шиносномаи дохилии миллӣ пешниҳод карда шавад.

Ҷавоб ба шумо фоидаовар буд?
Бале
Не